KULOB ARENA STADIUM

Новости Суперкубок таджикистан 2024

11 may, 17.00 tursunzoda. talko arenaistiklol VS ravshan

http://fc-ravshan.tj/wp-content/uploads/2024/05/logos_vs2.png
bt_bb_section_bottom_section_coverage_image
СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2024 “ИСТИҚЛОЛ”–“РАВШАН” ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗӢ ВА НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2024 “Истиқлол”–“Равшан” баргузор мегардад
Дар арафаи баргузории рақобати мазкур дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Атлас-и пойтахт нишасти пеш аз бозӣ бо иштироки роҳбарони дастаҳо ва шахсони расмии бозӣ инчунин намояндагони Федератсияи футболи кишвар доир гардид
Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилии бозии дарпешистода баррасӣ гардида ранги сару либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд
“Истиқлол” барои бозӣ ранги сабзи баланд ва “Равшан” ранги бунафш истифода мебаранд бояд гуфт, ки дастаҳо аввалин маротиба бо чунин пероҳан дар мавсим бозӣ мекунанд
Баъд аз ҷаласаи мазкур нишасти матбуотӣ бо сармураббиёни дастаҳо ва яктои бозигарон сурат гирифт Аз ҷониби “Истиқлол” Никола Лазаревич ва дарвозабон Рустам Ятимов, аз тарафи “Равшан” Аҳлиддин Турдиев ва дарвозабон Евгений Гритсенко ба суолҳои намояндагони ВАО посух гардонданд.